LIVE

Мартинес то соли 2022 сармураббии Азар боқӣ мемонад

Мутахассиси 46 солаи испанӣ - Роберто Мартинес шартномаи худро бо Федератсияи футболи Белгия тамдид кард. Тибқи қарордоди нав то анҷоми Ҷоми ҷаҳони соли 2022 сармураббии тими миллии футболи Белгия боқӣ мемонад. 
Роберто Мартинес ва Ассотсиатсияи футболи шоҳигарии Белгия ба мувофиқа расиданд, ки то соли 2022 ҳамкории худро идома медиҳанд. Мунтахаби ин кишвар таҳти роҳбарии ин мутахассиси испанӣ дар Чемпионати ҷаҳон  Қатар - 2022 ширкат хоҳад кард. Мартинес шуруъ аз соли 2016 бо яккачини Белгия кор мекунад. Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 даста таҳти роҳбарии ӯ нишони биринҷиро ба даст оварда буд.  Мунтахаби Белгия бо Роберто Мартинес дар 10 бозии интихобии Ҷоми Аврупо-2020 10 ғалаба ба даст оварда, ба даври ниҳоии ин мусобиқот роҳхат пайдо кард. То омадан ба мунтахаби Белгия мутахассиси 46 сола дар клубҳои футболи “Суонси Сити”, “Уиган”, “Атлетик” ва “Эвертон” кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив