LIVE

Нахустин иштирокчии Евро-2020 муайян шуд

Тими мунтахаби футболии Белгия аз миёни иштирокчиёни марҳилаи интихобии Евро-2020 нахустин шуда ба даври ниҳоии ин чорабинии қоравӣ роҳ пайдо кард. Дастпарварони Роберто Мартинес пас аз ғалаба бо ҳисоби калони 9-0 бар дастаи Сан Марино дар Брюссел ба ин натиҷа расиданд. 
Мизбонон дар ин дидор дар ҷараёни бозӣ бартарии комил дошта, ҷониби дарвозаи Симоне Бенедеттини 43 дар умум зарба заданд, ки 16-тои он рост то дарвоза рафт ва 9 дафъа дарвозабони дастаи Сан Марино маҷбур шуд тӯбро аз тӯри дарвозааш гирад. 84%-и вақти бозӣ тӯб дар ихтиёри дастаи Белгия буд. Ягона бозигаре, ки аз ҳайати мизбонон ду гол зад Ромелу Лукаку аст. Голҳои дигари бозиро футболбозони зерин ба дарвоза заданд: Носир Шадли, 31 Бролли, 35 — (худгол) Алдервейрелд, 43 Тилеманс, 45+1 Бентеке, 79 Версхарен, 84 — аз пеналти Кастан, 90. 
Ба ин тартиб дастаи мунтахаби футболии Белгия бори 6-ум ба марҳилаи поёнии Чемпионати Аврупо роҳ ёфт. Баргузории ин мусобиқа, ки ба 60 солагии барпошавии нахустин чемпионати қора бахшида мешавад аз 12-уми июн то  соли 12-уми июли соли 2020 дар 12 шаҳрҳои мухталифи Аврупо аз қабили Лондон, Мюнхен, Боку, Рим, Санкт-Петербург, Бухарест, Дублин, Копенгаген, Будапешт, Глазго, Билбао ва Амстердам дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив