LIVE

ҲАМА ЯКҶОЯ БА ИСТИҚБОЛИ НАВРАСОНИ ФУТБОЛИ ТОҶИК МЕРАВЕМ!

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, мунтахаби наврасони Тоҷикистон U-16 дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 қаҳрамонӣ нишон дода, ба даври финалии ин чорабинии сатҳи қоравӣ роҳ ёфтанд. Имшаб мунтахаби наврасони Тоҷикистон U-16 соати 02:00 ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фуруд меояд.  Наврасони мо дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобӣ бо ҳисобҳои калон ҳарифони худро торумор карда, бо беҳтарин нишондод ба марҳилаи поёнии ин чорабинӣ роҳ ёфтанд. 
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз ҳар як сокини худогоҳ ва футболдӯсти кишвар даъват ба амал меорем, то бо Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои истиқболи  ташриф оранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив