LIVE

Панҷ довари тоҷик ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 даъват шуданд

Панҷ довар аз Тоҷикистон ба бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16 сола, ки аз 18-ум то 22-уюми сентябр баргузор мешавад, даъват шуданд. Рефери ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари ӯ Ҳасан Каримов аз шаҳри Норак  бозиҳои гурӯҳи “Е”, ки дар кишвари Қатар баргузор мешаванд, ҳаккамӣ мекунанд. Рефери ФИФА Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) ва ёрдамчии ӯ Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) ва Вафо Қараев (Шаҳринав) бозиҳои гурӯҳи “D”-ро ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешаванд, доварӣ хоҳанд кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив