LIVE

Футболбози тоҷик беҳтарин нишонзани Чемпионати Осиё шуд

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дирӯз дар кишвари Урдун бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни наврасони то 16 сола ба анҷом расид. Мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи “А” буд, бар ҳамаи рақибонаш Шри – Ланка (8:0), Қувайт (9:0), Непал (7:0) ва Урдун (5:2) пирӯз шуда, бо касби 12 хол ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфт. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи рақибон 29 гол задан ёрист, ки аз ин шумора ҳаштояшро Абдулфаттоҳ Худойдодзода ба самар расонид. Ин натиҷа  Абдулфаттоҳ Худойдодзодаро беҳтарин нишонзани мусобиқаи мазкур намуд. Дар зинаи дуюм беҳтарин нишонзанҳои ин мусобиқа ду футболбоз Марселино Фердинан, 7 гол (Индонезия) ва Чое Сонг –Ҷин, 7 гол (Кореяи Шимолӣ) қарор доранд. Футболбози дигари тоҷик - Муҳаммадворис Сайдалиев бо доштани 6 тӯб дар зинаи сеюм ҷойгир аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив