LIVE

Иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ЧО-2020

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои иштирок дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба Урдун сафар намуд. Маврид ба ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур аз 14-ум то 22-юми сентябр баргузор мешавад. Сармураббии мунтахаби наврасони кишвар Аҳлиддин Турдиев исми 23 футболбоз аз ҷумла, 3 дарвозабон, 8 дифоъгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлаварро дар рӯйхат шомил намудааст. Дар марҳилаи интихоби яккачини Тоҷикистон шомили гурӯҳи “А” буда, бо тимҳои мунтахаби Урдун, Кувайт, Шри-Ланка ва Непал рақобат мекунад. Футболбозони тоҷиқ бозии нахустини хешро дар ин мусобиқа санаи 16-уми сентябр бар муқобили Шри-Ланка доир мекунанд. Баргузории ин бозӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 47 даста иштирок дорад, ки онҳо ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз марҳилаи интихобӣ ба даври ниҳоӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва боз чор дастаи беҳтарине, ки зинаҳои дуюмро ишғол намудаанд роҳ меёбанд.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон U-16 дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Суҳробхуҷа Юсупов (ҳарду – Академия футболаи ФФТ), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Соро компания»);
Дифоъгарон: Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёри Иноятулло, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Саиҷон Сафаров, Раҳматшо Раҳматзода (ҳама – Академия футболаи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Аббос Андалибов, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айни, Бежан Нишонбойзода, Муҷовид Шовайсудинов (ҳама – Академия футболаи ФФТ);
Ҳамлаварон: Сунатулло Азизов, Абдулфатоҳи Худойдодзода, Хуршед Давлатзода (ҳама – Академия футболаи ФФТ), Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»);
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Гурӯҳи «А»
Бозии 1-ум
14 сентябр (шанбе)
19:00 – Непал – Урдун
22:00 – Кувайт – Шри-Ланка
Бозии 2-юм
16 сентябр (душанбе)
19:00 – Шри-Ланка – ТОҶИКИСТОН
22:00 – Кувайт – Непал
Бозии 3-юм
18 сентябр (чоршанбе)
19:00 – ТОҶИКИСТОН – Кувайт
22:00 – Урдун – Шри-Ланка
Бозии 4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00 – Урдун – Кувайт
22:00 – Непал – ТОҶИКИСТОН
Бозии 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00 – Шри-Ланка – Непал
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Урдун
Эзоҳ: баргузории ҳамаи рақобатҳо бо вақти Душанбе дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив