LIVE

7 голи беҷавоби Тоҷикистон ба дарвозаи Непал

Фардо марду дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе боз дар бораи пирӯзии навбатии қаҳрамоннаврасони мунтахаби то 16 солаи кишвар ҳарф мезанад. Дар ҳақиқат ҳам наврасони то 16 солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шикастнопазиранд. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар ин мусобиқаи се бозӣ анҷом додаанд, ки ҳамаи рақобатҳоро бо пирӯзиҳои ҳангуфт пушти сар намуданд.  Футболбозони тоҷик дар бозии якумашон тими миллии Шри – Ланкаро бо бартарии 8:0 мағлуб намуданд. Дар даври дуюм дарвозабони Қувайтро маҷбур сохтанд, ки тӯбро 9 маротиба аз дохили дарвозааш берун орад. Имрӯз, 20-уми сентябр наврасони кишвар дар бозии сеюми хеш бо тими миллии Непал майдондорӣ намуданд. Дар ин рақобат мунтахаби кишвар бидуни ягон мушкилӣ дастаи рақибро бо ҳисоби калони 7:0 шикаст дод. Ҳамин тавр мунтахаби кишвар дар се бозии охираш 24 голро таслими дарвозаи рақибон намудааст. Дар айни замон яккачини кишвар бо касби 9 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “А” маҳсуб меёбад. Футболбозони кишвар санаи 22-юми сентябр бозии ниҳоӣ ва асосиро бар муқобили тими миллии Урдун баргузор мекунанд. Боварӣ дорем, ки дар ин бозӣ шермардони майдонзеби тоҷик муваффақ шуда, ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Оисё-2020 роҳхат мегиранд.
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 16 сола
Гурӯҳи «А». Даври 4-ум 
Непал – ТОҶИКИСТОН – 0:7
Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев (3), Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Муҷовид Шовайсуддинов. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив