LIVE

9 голи беҷавоби мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи Қувайт

Наврасони то 16 солаи мунтахаби Тоҷикистон бори дигар исбот намудаанд, ки онҳо дар қораи Оисё ба худ рақиби арзанда надоранд. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии Ҷоми Оисё-2020 футболбозони мо тими миллии Шри – Ланкаро бо ҳисоби ҳангуфти 8:0 шикаст дода буданд. Имрӯз дар бозии дуюми хеш шермардони майдонзеби тоҷик ҳамтоёни Қувайтии хешро дарси абад дода, дарвозабонашонро маҷбур сохтанд, ки тӯбро 9 маротиба аз дохили дарвозааш берун орад. Дар айни ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 6 хол пешсафи ҷадвали гурӯҳи “А” мебошад. Дар даври чорум санаи 20-уми сентябр мунтахаби мо бо тими Непал рӯ ба рӯ мешавад. Мо боварӣ дорем, ки футболбозони тоҷик дар ин рақобат низ соҳиби се хол мегарданд.
Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 16 сола
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
ТОҶИКИСТОН – Кувейт – 9:0

Next Post

Комментарии 1

БОБОЗОДА ШУХРАТ
БОБОЗОДА ШУХРАТ от 19 сентября 2019 02:21
  • МАШААЛЛАХ МАШААЛЛАХ МАШААЛАХ ВА АЛХАМДУЛЛИЛАХ.... МЕШИДАЙ КУ ХУДОВАНД САБР КУВА ВА ПИРУЗИРА НАСИБТОН ГАРДОНА ШЕРОИ НАРИ МИЛЛАТ. БА ПЕШ ТАМОМИ ТОЧИКОНИ ДУНЁ ЗИЁДА АЗ 40 МИЛЛИОН ХАСТАНД ВА ХАМАИ МО БО ШУМОЕМ ВА МЕФАХРЕМ...

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив