LIVE

8 голи беҷавоби мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи Шри-Ланка

Мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон нахустин бозии хешро дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 бар муқобили тими Шри-Ланка бо ҳисоби бузург анҷом дод. Вохӯрии тимҳо имрӯз, 16-уми сентябр баргузор шуда, бо ҳисоби ҳангуфти 8:0 ба суди шогирдони Аҳлиддин Турдиев хотима ёфт. Дар ин рақобат голҳои мунтахаби кишварро Абдулфаттоҳ Худойдодзода (чор гол), Муҳаммадворис Саидалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов як голӣ ба самар расониданд. Рӯзи 18-уми сентябр мунтахаби кишвар бозии навбатии худро бар муқобили Кувайт  баргузор мекунанд. Баргузории ин рақобат соати 19:00 бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар айни ҳол яккачини мо бо касби се хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи”А” мебошад.

Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 16 сола.
Гурӯҳи «А»         
Даври 1-ум 
Непал – Урдун – 0:7 
Кувайт – Шри-Ланка – 2:0 
Даври 2-юм 
Шри-Ланка – ТОҶИКИСТОН – 0:8 
Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив