LIVE

Ду бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бо Арабистони Саудӣ (U-16)

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар Чемпионати кишварҳои узви Иттиҳодияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) соҳиби медали тилло шуд, рӯзи душанбе барои анҷом додани дӯ бозии дӯстона бо мунтахаби Арабистони Саудӣ ба ин кишвар сафар мекунад. Рақобатҳои мазкур рӯзҳои 7 ва 9 август баргузор мешаванд. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон (U-16)  дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шомили гурӯҳи “А” буда, бо мунтахабҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт майдондорӣ мекунад. Марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 аз 14 –ум то 22-юми сентябр дар кишвари Урдун баргузор мешавад. 
Бозиҳои дӯстона
7 август (чоршанбе)
Арабистони Саудӣ (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16)
Таиф, Арабистони Саудӣ
9 август (ҷумъа)
Арабистони Саудӣ (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16)
Таиф, Арабистони Саудӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив