LIVE

5 голи мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи Туркманистон

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни туркмени худ дар доираи рақобатҳои Чемпионати CAFA-2019 U-19 майдондорӣ намуданд. Вохӯрии тимҳо ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби калони 5:1 ба суди мунтахаби кишвар хотима ёфт. Ҳамин тавр шогирдони Зайниддин Раҳимов бозии нахустини худро дар ин чорабинии сатҳи қоравӣ бо пирӯзии бузург хотима доданд. Дар айни замон яккачини кишвар бо ҳисоби се хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Мунтахаби кишвар бозии дуюми худро санаи 12-уми август бо тими Афғонистон баргузор мекунанд. Ёдовар мешавем, ки ҳафтае қабл мунтахаби наврасони кишвар Чемпионати CAFA-2019-ро ба даст оварда буданд.
Чемпионати CAFA-2019 U-19
Бозии 2-юм
Туркманистон – Тоҷикистон – 1:5 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив