LIVE

Талоши мунтахаби Тоҷикистон барои фатҳи Чемпионати CAFA-2019

Имрӯз, 30-юми июл мунтахаби зери 16 солаи Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2019 бозии муҳими худро бар муқобили мунтахаби Эрон баргузор мекунад. Қаблан Шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо тимҳои Ӯзбекистон (1:1), Қирғизистон (2:0) ва Туркманистон (3:0) дидор анҷом дода буданд. Бозии имрӯза барои яккачини Тоҷикистон хеле муҳим мебошад, чарои ки дар сурати пирӯзӣ бар мунтахаби Эрон онгоҳ имкони ғолиб  шудан дар  Чемпионати CAFA-2019  бештар мегардад. Дар ҳамин рӯз Афғонистон бо Ӯзбекистон ва Туркманистон бо Қирғизистон рӯ ба рӯ мешаванд. Дар айни замон тимҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо касби 7 холӣ дар зинаҳои якуму дуюм қарор доранд. Дар ҷои сеюм бошад, Эрон бо дарёфти 6 имтиёз мавқеъ касб намудааст.

Бозиҳои даври 4-ум

30 июл (сешанбе)

18:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН. Мустақим, ТВ "Варзиш" ва ТВ "Футбол"

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон.

20:30 – Туркманистон – Қирғизистон. Мустақим, ТВ "Футбол"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив