LIVE

Чемпионати CAFA-2019 (U-19) оғоз мешавад

Рӯзи ҷумъа, 9-уми август дар Душанбе Чемпионати CAFA миёни футболбозони то 19 сола оғоз мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки панҷ мунтахаби Осиё дар назар аст. Чемпионати CAFA-2019 (U-19) бо иштироки яккачинҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Дар доираи ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ доир мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Ёдовар мешавем, ки иштирок дар Чемпионати CAFA барои мунтахаби то 19 солаи кишвар ин як марҳилаи омодагӣ ба даври муқаддамотии Чемпионати Осиё-2020 ба шумор меравад. 
Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои (U-19)
Даври 1-ум
9 август (ҷумъа)
17:00 – Афғонистон – Туркманистон
20:00 – Ӯзбекистон – Эрон
Даври 2-юм
10 август (шанбе)
17:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон
20:00 – Туркманистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
12 август (душанбе)
17:00 – Эрон – Туркманистон
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Даври 4-ум
13 август (сешанбе)
17:00 – Эрон – Афғонистон
20:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5-ум
15 августа (панҷанбе)
17:00 – Туркманистон – Ӯзбекистон
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив