LIVE

Расман: Анри сармураббии нави «Монреал Импакт»

Тйерри Анри сармураббии нави дастаи «Монреал Импакт»-и Канада таъйин гардид. Шартнома бо мутахассиси фаронсавӣ барои ду сол бо имконияти давом додани он то соли 2022 баста шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии ин бошгоҳ иттилоъ додааст.  Мавсим дар МЛС аллакай ба анҷом расид, ва Анри ба кор аз миёнаи моҳи январ  вақти оғози тамрини дастаҳо шуруъ хоҳад кард. Мутахассиси 42-солаи фаронсавӣ фаъолияти варзишии хешро ҳамчун сармураббӣ дар тими миллии Белгия дар вазифаи ёвари Роберто Мартинес оғоз намудааст. Фаъолияти Анри дар мунтахаб самар доду, дар Чемпионати ҷаҳони-2018 тими миллии Белгия мақоми сеюмро ишғол кард. Моҳи октябри соли 2018 Тйерри Анри роҳбарии дастаи «Монако»-и Фаронсаро, ки дар ҳолати бади буҳронӣ қарор дошт, ба уҳда гирифт. Аммо фаъолияташ натиҷаи дилхоҳ надоду, уро аз курсии сармураббигӣ сабукдӯш карданд. Анри аллакай бо фаъолияти дастаҳои МЛС ошно аст, чун дар поёни фаъолияти футболбозии худ,  дар дастаи «Ню Йорк Ред Буллз» ба задани 51 гол, 42 партофти самаровар дар 122 бозӣ даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив