LIVE

Сармураббии нави КМВА "Помир" аз мактаби футболи Шахтёр

Сергей Житский мутахассиси 61 солаи украинӣ сармураббии нави дастаи КМВА "Помир" таъин шуд. Дар ин бора расман Ҳабир Давлатов сардори дастаи афсарон ба сомонаи шабакаи телевизионии Футбол иттилоъ дод. Шартномаи ҳамкорӣ бо ин мутахассис то 31-уми декабри соли ҷорӣ ба имзо расонида шуд. Сергей Житский то ин дам дар ситоди мураббиёни ҳайати ҷавонони дастаи "Шахтёр"-и Донетск фаъолият мекард. Қаблан дар  КМВА "Помир" Рустам Хоҷаев аз вазифаи сармураббии даста ба истефъо фиристода шуд. Дастаи пойтахт баъд аз даври 10-уми мусобиқаи Лигаи Олӣ бо касби 6 имтиёз дар зинаи охири ҷадвал қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив