LIVE

“Хуҷанд” бар “Кӯктош” пирӯз шуда, ба ҷои сеюми ҷадвал баромад

Рӯзҳои истироҳат се бозии даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дар бозии марказии давр “Хуҷанд” бар тими “Кӯктош” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Се хол ба дастаи “Хуҷанд” тавассути голҳои задаи Фирдавс Чақалов (дақиқаи 36-ум) ва Дилшод Восиев (дақиқаи 87-ум) ба даст омад. Бошгоҳи нави лигаи олӣ – “Истаравшан” дар меҳмонӣ аз тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Ягона голи вохӯриро ҳамлавари тими мунтахаби ҷавонони кишвар Муҳаммадалӣ Азизбоев, ки дар нимаи дуюм ба майдон баромад, зад. Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” дар варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и шаҳри Турсунзода мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи Худойдод Узоқов регариҳо тавассути зарбаи нишонраси Шерзод Муҳаммадиев ҷавоб гардонданд. Як бозии дигари давр миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Панҷшер” ба вақти дигар гузаронида шуд. Пас аз натиҷагирии бозиҳои баргузоршуда дар ҷадвали чемпионат мисли пеш “Истиқлол” дар ҷои аввал аст, ки аз 8 бозӣ 22 хол дорад. “Кӯктош” бо 17 хол (аз 10 бозӣ) дар зинаи дуюм, “Хуҷанд” бо 3 хол камтар (аз 9 бозӣ) дар мақоми сеюм қарор гирифтаанд. Дастаи КМВА “Помир”, ки ҳамагӣ як ғалаба дорад, бо 6 хол ҷои охирро ишғол кардааст. Ҳамин тавр агар даста дар мавсими ҷорӣ ба шикастҳои пай дар пайи дучор шавад, пасон аз Лигаи олиро тарк хоҳад кард.
Чемпионати ТоҷикистонЛигаи олӣДаври 10-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1
ГолҳоХудойдод Узоқов, 10 (0:1). Шерзод Мақамадиев, 17 (1:1).
КМВА «Помир» – «Истаравшан» – 0:1
Гол: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 77.
 «Кӯктош» – «Хуҷанд» – 0:2
Голҳо: Фирдавс Чақалов, 36 (0:1). Дилшод Восиев, 87 (0:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив