LIVE

Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии "Бухоро" шуд!

Мураббии варзидаи футболи тоҷик, Мӯҳсин Муҳаммадиев ба вазифаи сармурраббии дастаи "Бухоро"-и Ӯзекистон таъин гардид. Дар ин бораи сомонаи sport.uz иттилоъ дод. Мӯҳсин Муслимович вақтҳои охир дар ягон тим фаъолият намекард ва бо гуфтушуниди дуҷониба вазифаи пурмасъулияти сармураббигиро дар ин даста ба дӯш гирифт. Ӯ дар ҳоле ба ин вазифа таъин шуд, ки дастаи "Бухоро" дар мақоми 13-уми ҷадвади Суперлигаи Ӯзбекистон қарор дорад. Мавсуф ба сифати сармураббӣ бори охир дар дастаи "Истиқлол"-и Душанбе фаъолият карда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив