LIVE

Сармураббии нави дастаи миллии Тоҷикистон муаррифи шуд


Деян Дедович мутахассиси 46 солаи Сербия сармураббии нави дастаи миллии футзали Тоҷикистон муаррифи гардид.  Ӯ дар ин  вазифа  Ҳусейн Шодиевро иваз кард, ки то ин дам мақоми сармураббигиро ба дӯш дошт. Деян Дедович ҳамчунин дар дастаи футзали "Сипар"-и Хуҷанд фаъолият менамояд. Қабл аз "Сипар" дар дастаи футзали "Бонки Бейрут"-и Лубнон фаъолият карда, чаҳор карат бо ин даста қаҳрамони лигаи Лубнон шудааст. Ҳоло дар дастаи миллии футзали Тоҷикистон ба ситоди мураббиён  Ҳусейн Шодиев ва Эраҷ Носеҳов шомил гардиданд. Мавсуф дастаи моро ба бозиҳои интихобии чемпионати Осиё 2020, ки 23-юми октябри ҳамин сол дар шаҳри Урмияи Эрон доир мешавад, омода хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив