LIVE

Эктор Купер аз мақомаш барканор шуд

Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар сомонаи расмиаш иттилоъ медиҳад, ки сармураббии мунтахаби кишвар - Эктор Купер аз мақомаш барканор карда шуд. Купер соли 2018 ба курсии сармураббигии мунтахаби Ӯзбекистон таъйин шуда буд. Бо роҳбарии ин мутахассиси аргентинӣ дастаи Ӯзбекистон дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 аз тими Австралия аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуда буд. Инчунин мунтахаби Ӯзбекистон дар бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 аз тими Фаластин бо бартарии 2:0 дучори шикаст гардида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив