LIVE

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев аз дастаи “Регар-ТадАЗ” барканор шуд

Роҳбарияти ширкати ТАЛКО сармураббии дастаи “Регар -ТадАЗ”-ро аз мақомаш барканор карданд. Сабаби асосӣ натиҷаи начандони хуби даста дар мавсими гузаштаи мусобиқа будааст. Ёдовар мешавем, ки соли 2018 даста зинаи 4-умро ба даст оварда буд. Имсол тими “Регар ТадАЗ” бо роҳбарии Ҳабибуллоев дар 8 бозӣ 12 имтиёз ба даст оварда, баъди “Истиқлол” ва “Кӯктош” дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст. Дар ҳамин ҳол як гуруҳ аз аъзои фан клуби дастаи “Регар ТадАЗ” аз ин қарори роҳбарияти даста изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд: «Даста ҳоло дар баробари мудаъиёни унвони қаҳрамонӣ талоши пирӯзӣ мекунад ва аз вазифа гирифтани Ҳабибуллоев таъсири манфии хешро ба идомаи рақобатҳо мерасонад.» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар ҳоле дастаро тарк кард, ки футболбозон маблағи маоши панҷмоҳаи худро нагирифтаанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив