LIVE

«Монако» сармураббии худро аз кор ронд

Роҳбарияти тими футболи «Монако» билохира ба хулосае омад, ки ҳамкории худро бо мутахассиси португалӣ - Леонардо Жардим хотима диҳанд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи фаронсавӣ иттилоъ дод. Ҳамзамон даста ба ҷой Жардим собиқ сармураббии тими миллии Испания - Роберт Мореноро даъват намуд.  
Морено бо «Монако» то 30 июни соли 2022 шартнома баст. Мутахассиси 42 сола расман аз оғози ҳафтаи нав ба кор шуруъ хоҳад кард. 
Жардим соли 2014 бори нахуст сармураббии тими «Монако» интихоб шуд. Моҳи октябри соли 2018 мутахассиси португалӣ ба истеъфо равона шуд ва моҳи январи 2019 дубора ба ин мақом даъват гардид. 
Морено бошад, аз моҳи июн то ноябри соли 2019 сармураббии мунтахаби Испания буд. То ин замон ӯ ҳамчунин ёвари сармураббии тими миллии  Испания ва клубҳои «Барселона», «Селта» ва «Рома» кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив