LIVE

Блан дар «Монако» Жардимро иваз карданист

Собиқ сармураббии бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» ва мунтахаби Фаронса Лоран Блан имкон дорад, ки дар мақоми роҳбари «Монако», ба ҷойи Леонарду Жардим интихоб шавад. 
Қаблан пешгуи карда мешуд, ки агар дар даври 19-уми чемпионати Фаронса клуб ба пирӯзӣ даст ёфта натавонад, Жардим аз мақомаш барканор карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатии мусобиқоти мазкур, «Монако» бо тими «Лилл» дидор анҷом хоҳад дод. Роҳбарияти тими «Монако» аллакай бо Блан мулоқот анҷом додаанд.  Блан  сар аз соли 2016 баъд аз он, ки аз вазифаи сармураббии  «ПСЖ» ба истеъфо равона кардашуд, даста надорад. «Монако» дар чемпионати Фаронса бо 25 хол баъд аз 17 бозӣ зинаи 9-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив