LIVE

Бозгашти Моуриню ба Мадрид

Тибқи иттилои сомонаи расмии Goal мутахасиси португалӣ Жозе Моуриню қасди бозгашт ба дастаи “Реал”- ро дорад, ки айзи замон дар ин вазифа Зинедин Зидан кору фаъолият дорад. Аз оғози моҳи май то моҳи сентябр ин мутахассис як қаттор пешниҳоро, ки аз  ҷониби дастаҳои «Монако», «Милан», «Лилл», «Волфсбург» ва «Шалке-04» шуда буд, ҷавоби рад додааст. Дар ин муддат ин коршиноси 56- сола аз воқеаҳое, ки дар дастаҳои «Пари Сен-Жермен», «Ювентус» ва «Бавария» руй медод пайгирӣ мекард. Ҳамзамон Жозе хостори кор кардан дар дастаи  «Тоттенхэм Хотспур» - и шаҳри Лондонро дошт, ки баъди аз вазифаи сармураббии “Реал” озод шудани Сантяго Солари,  он замон сару садоҳо дар мавриди ба ин вазифа  даъват шудани Маурисио Почеттино зиёд ҳам ба чашм мерасид, вале дар охир “гаразмониҳо” Зиданро интихоб намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Моуриню дар бошгоҳи “Реал Мадрид” аз соли 2010 то 2013 кор кардааст. Охирин дастае, ки баъд аз рафтанаш аз “Реал” бо он шартномаи ҳамкорӣ дошт ин “Манчестер Юнайтед” ба ҳисоб меравад, ки то моҳи декабри соли 2018 идома ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив