LIVE

Эмери муддаии асосӣ барои сармураббии «Монако»

Роҳбарияти тими футболи «Монако» барои пешниҳоди ҳамкорӣ ба собиқ сармураббии бошгоҳи лондонии «Арсенал»-Унаи Эмери  омодагӣ мебинад. Тавре иттилоъ дода мешавад, масъулони ин тими футболи фаронсавӣ дар талоши пайдо намудани номзади арзанда барои иваз намудани сармураббии кунунӣ - Леонардо Жардим ҳастанд. Дар қатори як чанд мураббиён исми Эмериро низ ҷой додаанд. Ёдовар мешавем, ки Эмерии 48- сола баъд аз нишон надодани натиҷаҳои назаррас, охири ноябр аз мақоми сармураббии «Арсенал» барканор карда шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив