Бошгоҳи футболи “Арсенал” дар сомонааш аз барканор намудани сармураббӣ - Унаи Эмери расман итиллоъ дод. Ёдовар мешавем, ки сабаби барканории Унаи ин натиҷаҳои нохуби ӯ дар дастаи “Арсенал” мебошад. Унаи Эмери соли 2018 ба ҳайси сармураббии бошгоҳи “Арсенал” таъйин шуда буд. Ӯ дар ин мақом Арсен Венгери пуртаҷрибаро иваз намуда буд.