Сармураббии дастаи каталонии “Барселона” Эрнесто Валверде бо эҳтимоли зиёд аз симматаш канор меравад. Бо иттилои пойгоҳи иттилоотии Mundo Deportivo роҳбарияти бошгоҳи каталонӣ барои ивази Эрнесто Валверде чор номзад доранд, ки инҳо Роналд Куман (мунтахаби Ҳоланд), Массимилиано Алегри (агенти озод), Роберто Мартинес (мунтахаби Белгия) ва Унаи Эмери (дастаи Арсенал) мебошанд. Гузинаи эҳтиётӣ дар шорт-листи “Барселона” Эрик Тен Хаг мебошад, ки феълан Ӯ сармураббигии дастаи “Аякс”-и Амстердамро бар ӯҳда дорад.