LIVE

Артета дар курсии Эмери нишаст

Собиқ футболбози испанӣ - Микел Артета расман сармураббии бошгоҳи “Арсенал” таъин гардид. Барои Артетаи 37 сола ин аввалин таҷрибаи кори мустақилона, дар вазифаи сармураббии бошгоҳ маҳсуб мешавад. То ин замон ӯ масъулияти ёрдамчии ҳамватани худ Пепро дар “Ман Сити” ба дӯш дошт. Қарордод байни даста ва мутахассиси навкор 3,5 мавсимро дар бар мегирад. Баъд аз барканории Унаи Эмери дастаро то имрӯз, Фредрик Юнберг тамрин медод ва гуфта мешавад, ки Юнберг бо омодани сармураббии ҷадид низ дар ситоди мураббиёни клуб боқи мемонад. Ёдовар мешавем, ки   Артета аз соли 2011 то соли 2016 шарафи бошгоҳи “Арсенал”-ро ҳимоя намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив