LIVE

Нигаронии Анчелотти аз интизоми Винисиус

Сармураббии “Реал Мадрид” - Карло Анчелотти пас аз мағлуб шудан аз тими “Жирона” (2:4) дар даври 33-юми Чемпионати Испания нисбати теъдоди зиёди кортҳои зарди ҳамлагар Винисиус Жуниор изҳори нигаронӣ кард.
 Дар ин вохӯрӣ бразилӣ 14-умин корти зарди худро дар мавсим гирифт.
«Барои як бозигар ба вижа ҳамлагар ин хеле зиёд аст. Ман якчанд маротиба бо Винисиус дар ин бора сӯҳбат кардам», - гуфтааст Анчелотти.
Ҳимоятгар Эдер Милитао ва нимҳимоятгар Эдуардо Камавинга аз рӯи шумораи бештари корти зард дар як мавсим дар ҳайати “Реал Мадрид” бо 8 корти зардӣ дар ҷои дуюм қарор доранд. 
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар бозии даври 31-уми Ла Лига аз “Жирона” бо ҳисоби 4:2 анҷом ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив