LIVE

Анчелотти сармураббии Бразилия мешавад

Сармураббии тими «Реал Мадрид» - Карло Анчелотти розӣ шуд, ки моҳи июни соли 2023 пас аз анҷоми мавсими бошгоҳӣ дар ҳайати «Реал Мадрид» мунтахаби  Бразилияро ба ӯҳда гирад. Дар ин бора  Globo Esporte хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Анчелотти довталаби асосӣ барои вазифаи сармураббии тими миллии Бразилия мебошад. Яке аз далелҳои аслӣ ба тарафдории номзадии итолиёвӣ муносибати хуби ӯ бо теъдоде аз футболбозони бразилӣ аст. Анчелотти дар «Реал Мадрид» бо Винисиус Ҷуниор, Родриго Гоес ва Эдер Милитао ва инчунин нимҳимоятгари «Манчестер Юнайтед» Каземиро кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив