LIVE

Анчелотти пешниҳоди Бразилияро напазируфт

Сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти тими мунтахаби Бразилияро ба ӯҳда нахоҳад гирифт, хабар медиҳад Marca.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси 63-сола фаъолияташро дар «Реал Мадрид» то анҷоми шартнома идома додан мехоҳад. Анчелотти то соли 2024 бо тими шоҳона қарордод бастааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки роҳбарияти Конфедератсияи футболи Бразилия (CBF) пеш аз оғози Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бо Анчелотти ва сармураббии «Манчестер Сити»-и Англия Хосеп Гвардиола гуфтугӯ кардааст.
Тите пас аз мағлуб шудан аз Хорватия (1:1, 2:4 аз рӯи пеналтӣ) дар даври чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар, аз мақоми сармураббии тими миллии Бразилия истеъфо дод. Мутахассиси 61-сола аз соли 2016 инҷониб дастаро раҳбарӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив