LIVE

Карло Анчелотти сармураббии «МЮ» мешавад

Дастаи «Манчестер Юнайтед» ба сармураббии «Реал» - Карло Анчелотти таваҷҷуҳ дорад. Ба иттилои манбаъ, Анчелотти ҳамчун мураббии ояндаи даста, баррасӣ мешавад. Мутахассиси итолёвӣ бо Алекс Фергюсон ва директори генералии «Манчестер Юнайтед» Ричард Арнолд муносибати гарм дорад. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки «Манчестер Юнайтед» байни Маурисио Почеттино, ки ҳоло «ПСЖ»-ро сарварӣ мекунад ва мураббии «Аякс» Эрик тен Хагро якеро интихоб мекунад.  Айни замон Ралф Рангник сармураббии муваққатии “Манчестер Юнайтед” мебошад, ки то охири мавсими ҷорӣ ин дастаро раҳбарӣ мекунад. Интизор меравад, ки мутахассиси итолёвӣ дар сурати набаромадан ба марҳилаи 1/4 ниҳоии Лигаи чемпионҳо аз мақоми сармураббии дастаи «Реал» озод карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив