LIVE

Роҳбарияти ПСЖ аз Зинедин Зидан чӣ мехоҳад?

Намояндагони ПСЖ бо сармураббии собиқи тими “Реал Мадрид” мулоқот карда, дар он имкони таъини мураббии фаронсавӣ ба ҳайси сармураббии парижиҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хабаргузории Marca.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби ПСЖ дар ин вохӯрӣ директори варзиши Леонардо ва Жан-Клод Блан, мудири кулли бошгоҳ ширкат доштанд. Тибқи гуфтаҳо Зидан аз тобистони соли 2022 метавонад, сармураббии дастаи парижӣ гардад. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Маурисио Почеттино бо сабаби ихтилофи назар бо директори варзишии клуб Леонардо ва инчунин ба далели надоштани қобилияти қабули қарорҳои мустақил мехоҳад аз ПСЖ равад. Дастаи ояндаи мутахассиси аргентинӣ "Манчестер Юнайтед" гуфта мешавад. 
Зидан дар охири мавсими гузашта “Реал Мадрид”-ро тарк кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив