LIVE

Зинедин Зидан аз “Реал” рафтанист

Зинедин Зидан ба таври ҷиддӣ дар фикри рафтан аз “Реал Мадрид” дар охири мавсим аст, менависад Onda Madrid. Тибқи иттилои манбаъ, сабаби ин тасмим хастагии ӯ аз ҷиҳати равонӣ ва ҷисмонӣ аз сабаби мавсими душвор аст. Пештар хабар дода шуд, ки “Ювентус” ба хидмати мутахассиси 48-солаи фаронсавӣ таваҷҷӯҳ дорад. Қайд карда мешавад, ки намояндагони клуби Турин аллакай бо Зидан тамос гирифтаанд. Дар айни замон, "Реал" дар ҷадвали чемпионати Испания дар ҷои сеюм аст. Даста аз “Атлетико”-и пешсаф се хол камтар дорад. Дар бозии якуми чорякфиналии Лигаи қаҳрамонҳо, “Реал” бар “Ливерпул” ғалаба кард (3:1). Зинедин Зидан “Реал Мадрид”-ро аз соли 2016 сарварӣ мекунад, аммо як сол - аз соли 2018 то 2019 танаффус карда буд. Аз соли 2001 то 2006 ин мутахассиси фаронсавӣ дар ҳайати бошгоҳи шоҳона ҳамчун бозигар ҳунарнамоӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив