LIVE

Зинедин Зидан мубталои коронавирус шуд


Сармураббии “Реал Мадрид” Зинедин Зидан ба коронавирус гирифтор шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бошгоҳ. Озмоиши мутахассис барои COVID-19 натиҷаи мусбат дод. 20 январ "Реал" дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Испания ба таври ҳангомавӣ аз тими «Алкояно», ки дар дивизиони сеюми Чемпионати Испания ҳунарнамоӣ мекунад бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст хурд. Тибқи иттилои расонаҳои испанӣ ин мағлубият муносибати роҳбарияти “Реал Мадрид”-ро бо Зидан дигар нахоҳад кард. Онҳо ҳанӯз мехоҳанд то охири мавсим мунтазир шаванд, то ба фаъолияти даста дар мусобиқоти асосӣ Ла Лига - ва Лигаи чемпионҳо баҳо диҳанд. Худи мутахассиси фаронсавӣ низ ба истеъфо доданӣ нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив