LIVE

Зидан аз боварӣ баромад

Сармураббии бошгоҳи «Реал» - Зинедин Зидан дар сурати бохти дастааш дар ду бозии навбатӣ аз мақомаш барканор карда мешавад. Дар ин бора сомонаи L’Equipe иттилоъ додааст. Ба маълумоти сарчашма тақдири боқӣ мондани мураббии фаронсавӣ дар “Реал” аз бозӣ бо дастаҳои “Барселона” дар даври навбатии Ла Лига ва “Боруссия”-и М дар даври дуюми Лигаи Чемпионҳо вобастагӣ дорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар сурати бохт аз ин ду даста Зинедин Зидан аз мақомаш сабукдӯш карда мешавад. Гуфта мешавад, ки “Реал” собиқ сармураббии дастаи “Тоттенхэм” мутахассиси аргентинӣ - Маурисио Почеттиноро дидан мехоҳанд. Ёдовар мешавем, ки “Реал” ду бозии охири хешро дар доираи рақобатҳои Ла Лига ва Лигаи Чемпионҳо аз дастаҳои “Кадис” (0:1) ва “Шахтёр” (2:3) шикаст хурд. 
Вохӯрӣ байни дастаҳои “Барселона” ва “Реал” санаи 24-уми октябр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив