LIVE

Зидан аз Мадрид намеравад

Сармураббии бошгоҳи «Реал» - Зинедин Зидан баъди анҷоми мавсими ҷорӣ дастаашро тарк намекунад. Роҳбарияти бошгоҳи шоҳона, ки тим айни ҳол дар карантин қарор дорад, ҳоло дар бораи сабукдӯш намудани Зидан ба қароре наомадаанд. Пас аз хотимаи мавсим соҳибмулки “Реал” қарорро дар бораи боқӣ мондани Зизу дар ҳайат хоҳад баровард. Хурӯҷи тоҷвирус ба иқтисодиёти дастаҳои маъруфи аврупоӣ зарбаи сахт зад. Агар "Реал" барои ивази мураббии худ иқдом бигирад, боз дар ин миён бояд маблағи калон сафр намояд. Ба ҳамин хотир новобаста аз натиҷаи ин мавсим мутахассиси фаронсавӣ дар соли оянда низ курсии худро иваз намекунад. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки баъди анҷоми мавсими ҷорӣ Зидан аз курсии сармураббигии “Реал” сабукдӯш карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив