LIVE

Зинедин Зидан “Реал”-ро тарк мекунад

Бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Галатасарай” ва “Реал” шояд охирин дидор барои Зинедин Зидан бошад. Дар ин бора маҷаллаи El Mundo хабар медиҳад. Тибқи хабаргузории сарчашма, дар «Сантяго Бернабеу» ҳама аз натиҷаҳои нишондодаи Зидан ин мавсим хавотиранд. Дар сурати бохти “Реал” аз дастаи “Галатасарай” он гоҳ Зидан аз мақомаш барканор мешавад. Аллакай роҳбарияти “гаразмониҳо” аз пайи ҷустуҷӯи ҷойгузини Зизу мебошанд.  Дар ин мақом ӯро Жозе Моуриню ё Массимилиано Аллегри иваз мекунад. Ин мавсим мо “Реал”-и қаблиро намебинем, ин дастаи абарқудрати ҷаҳон ба мушкилотҳои зиёде рӯ ба рӯ шудаистодааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив