LIVE

«Реал» ҷойгузини Зиданро пайдо кард

Баъди анҷоми мавсими солҳои 2019/20 дар мақоми ситоди мураббиёни дастаи «Реал» имкон аст, ки боз тағйирот ба миён ояд. Роҳбарияти бошгоҳи шоҳона номзадии Маурисио Почеттиноро дар мақоми Зинедин Зидан мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Тавре The Independent хабар медиҳад, мадридиҳо бо мутахассиси 48 солаи аргентинӣ дар алоқа буданд ва Почеттино хоҳиш ба амал овард, ки дар сурати идомаи корномаи мураббигиаш ба онҳо хабар диҳад.  Тавре гуфта мешавад, вақтҳои охир муносибати Зидан бо бархе аз футболбозони асосӣ хуб нест ва ин ҳолат метавонад, мушкилотро дар даста бештар созад. Мутахассиси фаронсавиро бо президенти клуб - Флорентино Перес аз пушти Пол Погба ба гуфти мардум гапашон гурехтааст. Зидан моҳи марти соли 2019 ба «Реал» баргашт. Почеттино бошад, ноябри соли 2019 аз «Тоттенхэм» ба истеъфо фиристода шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив