LIVE

4 шарти Почеттино ба «МЮ»

Собиқ сармураббии «Тоттенхэм» Маурисио Почеттино барои қабули пешниҳоди «Манчестер Юнайтед» розӣ мешавад, агар президент ва роҳбарияти клуб шартҳои ӯро иҷро кунанд. Сармураббии кунунии даста Оле-Гуннар Сулшер зери фишор қарор дорад ва дар сурати ба чаҳоргона шомил нашудани «Манчестер Юнайтед» курсии хешро аз даст медиҳад. Тавре, ки гуфта мешавад мутахассиси аргентинӣ агент надорад ва барои анҷом додани гуфтушунид бо «МЮ» нафареро муваззаф кардааст. Шарти аввали Почеттино он будааст, ки дастаро аз миёнаи мавсим қабул намекунад. Шарти дуюм таъсиси мансаби директори варзишӣ оид ба футбол ва ҳамзамон аз қабули ҳама қарорҳои футболӣ дур кардани иҷрокунандаи вазифаи директори тим Эд Вудворд аст.  Почеттино мехоҳад зимни интихоби ҳайати аввалия ва бозигарони нав барои мукаммал сохтан ҳайат озодии комил дошта бошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив