LIVE

“Ювентус”- ҷойгузини Сариро мекобад

“Ювентус” бо панҷ мураббӣ гуфтушунид анҷом додааст. Дар байни онҳо - Зидан ва Почеттино низ будаанд. 
Тавре дар Италия хабар медиҳанд,  "Ювентус" мақсад дорад, ки  сармураббии даста Маурисио Сарриро аз кор сабукдӯш кунад.
Тибқи иттилои манбаъ, клуби шаҳри Турин аллакай бо якчанд мураббиён тамос гирифтааст ва дар бораи эҳтимоли омадани онҳо ба даста пешниҳоди ҳамкорӣ кардааст. Ҳадафи асосии "Ювентус" мураббии “Реал” - Зинедин Зидан буд, аммо мутахассиси фаронсавӣ аз “Реал” рафтан намехоҳад. Инчунин клуб бо Маурисио Почеттино, Симоне Инзаги, Лучано Спаллетти ва Ҷиан Пиро Гасперини гуфтушунид анҷом дод. 
7-уми август дар Турин бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳо бо “Лион” баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳо клуби фаронсавӣ бо ҳисоби 1: 0 пирӯз шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив