LIVE

Зидан:"Бохт дар Ҷоми Испания шармандагӣ нест"

Сармураббии "Реал Мадрид" Зинеддин Зидан  бохташонро дар Ҷоми Испания чунин шарҳ дод: "Ман чун ҳарвақта ҷавобгариро  ба уҳда мегирам. Футболбозон кӯшиш мекарданд. Мо муқобили дастаи Сегундаи В  бозӣ кардем. Бояд ки ғалаба мекардем. Ин шармандагӣ нест.Чунин  ҳодисаҳо дар футбол мешаванд. Мо корро идома медиҳем ва аз ақл бегона шуданӣ нестем". 
Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Испания  дастаи дивизиони сеюми кишвар "Алкояно" тими "Реал" -ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив