LIVE

Ғалабаи «Реал» дар Ҷоми Испания

Дар доираи рақобатҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания дастаи «Сарагоса»  дар майдонаш бошгоҳи «Реал Мадрид»-ро қабул кард. Дидори мазкур бо ғалабаи калони дастаи шоҳона пушти сар шуд. Ин рақобати даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания дар варзишгоҳи Ла-Ромареда баргузор гардида, ба суди меҳмонон бо ҳисоби 0 бар 4 пушти сар шуд. Рафаел Варан дар дақиқаи 6-ум ва Лукас дар дақиқаи 32-юми қисми аввали дидор ду голро ба самар расонида, бартарии меҳмононро таъмин сохт. Винисиус дар дақиқаи 72-юм ва Карим Бензема дар дақиқаи 79-ум ду голи дигарро вориди дарвозаи мизбонон намуда, ҳисобро 0 бар 4 карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив