LIVE

“Ливерпул” намояндаи Лигаи якуми Англияро шикаст дода натавонист

Дар доираи рақобатҳои даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Англия дастаҳои  «Шрусбери Таун» ва «Ливерпул» вохӯрӣ анҷом доданд. Дидори тимҳо бо ҳисоби 2 бар 2 мусовӣ анҷом ёфт.  Дар дақиқаи 15-уми бозӣ  футболбози «Ливерпул» - Кертис Ҷонс ҳисобро кушод. Дар оғози пайти дуюм Доналд Лав бозигари тими «Шрусбери Таун»   ғайричашмдошт тӯбро вориди дарвозаи худ намуда, ҳисобро ду бар 0 намуд. Футболбози тими «Шрусбери Таун» - Ҷейсон Каммингс дар дақиқаҳои 65-ум ва 75-ум ба задани ду гол даст ёфта, мусовиро барои  дастааш таъмин сохт. Барои роҳхати марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия  «Шрусбери Таун» ва «Ливерпул»  як вохӯрии дигар анҷом хоҳанд дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив