LIVE

Барои “Арсенал” ғалаба бар “Борнмут” гарон афтод

Дидори дастаҳои “Борнмут” ва “Арсенал” дар доираи рақобатҳои даври 4-уми Ҷоми Англия дар варзишгоҳи Дин Корт сурат гирифта, ба суди меҳмонон дастаи “Арсенал” бо ҳисоби 1 бар 2 пушти сар шуд. Муҳофизатгари дастаи лондонӣ - Букайо Сака дар оғози рақобат, аниқтараш дар дақиқаи 5-уми дидор ҳисоби бозиро кушода, дастаашро ба пеш баровард. Бозингари хати ҳамлаи дастаи меҳмонон -Эдвард Нкетиа то анҷоми қисми аввал ҳисобро 0 бар 2 намуд. Ягона голи мизбононро дар дақиқаҳои иловагии қисми дуюми дидор Сем Сарриҷ ба самар расонид. Бо ҳамин рақобат ба суди дастаи “Арсенал”  бо ҳисоби 1 бар 2 ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки дар қисми дуюми бозӣ муҳофизатгари “Арсенал” - Шкодран Мустафи ҷароҳати вазнин бардошта, аз варзишгоҳ ба беморхона фиристода шуд.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив