LIVE

Натиҷаи қуръакашии даври 1/2 ниҳоии Ҷоми Испания

Натиҷаи қуръакашии бозиҳои даври нимниҳоии Суперҷоми Испания маълум шуданд. "Барселона" рӯзи 13-уми январ дар сафар бо "Реал Сосйедад" бозӣ мекунад. Рӯзи 14-ум бошад, "Реал Мадрид" дар дар майдони худ "Атлетик"-ро қабул мекунад. Бозии даври финалӣ санаи 17 январ дар Севилия баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар аввал дастаҳо бояд бозиҳои худро барои ба даст овардани ин ҷом дар Арабистони Саудӣ мекарданд, аммо бинобар сабаби пандемияи коронавирус, Федератсияи шоҳигарии футболи Испания тасмим гирифт, ки ин мусобиқаро дар кишвараш баргузор кунад. Дастаи Зинедин Зидан дар мавсими гузашта чемпиони Испания гардида буд ва "Барселона" дар зинаи дуюм қарор гирифт. "Атлетик' ва "Реал Сосйедад" иштирокчии бозии ниҳоии Ҷоми Испания дар мавсими солҳои 2019/20 мебошанд. Хотиррасон мекунем, ки Суперҷомро соли 2020 "Реал Мадрид" ба даст оварда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив