LIVE

Рақибони "Реал" ва "Барселона" дар Суперҷоми Испания муайян шуданд

Имрӯз, 11-уми ноябр дар маросими қуръакашии даври 1/2 ниҳоии Суперҷоми Испания «Реал» бо «Валенсия» ва «Барселона» бо «Атлетико» рақиб шудаанд. Бозиҳои даври нимниҳоӣ рӯзҳои 8 ва 9 январи соли 2020 дар назар аст. Бозии финалӣ бошад, 12-уми январ баргузор мегардад. Ёдовар мешавем, ки Суперҷоми Испания дар се мавсими оянда дар кишвари Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ки арабҳо барои мизбонии ин мусобиқа 120 миллион евро харҷ мекунанд. Бояд гуфт, ки шурӯъ аз мавсими ҷорӣ формати баргузории Суперҷоми Испания тағйир дода шуд ва акнун дар 4 даста иштирок хоҳанд кард. Мувофиқан он аз даври нимниҳоӣ ва финал иборат мебошад. Хотиррасон мекунем, ки 3 мавсими оянда ин мусобиқот дар кишвари Арабистони Саудӣ баргузор мегардад, ки арабҳо барои харидани ҳаққи мизбонии он 120 миллион евро харҷ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив