LIVE

«Реал» аз намояндаи дивизиони сеюми Испания шикаст хурд

Дар бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Испания дастаи “Алкояно” дар майдони худ “Реал Мадрид”-ро истиқбол гирифт. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Эл Колиано" баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон дар вақти иловагӣ бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1бар 1 хотима ёфт. “Реал Мадрид” дар охири қисми аввал ҳисобро боз кард. Голро Эдер Милитао пас аз кӯмаки Марсело ба самар расонид. Мизбонон тавонистанд дар дақиқаи 80-ум пас аз зарбаи дақиқи Хосе Солбес ҳисобро баробар кунанд ва бозиро ба вақти изофӣ гузаронанд. Дар идомаи рақобат голи ғалабаоварро бозигари  “Алкояно” Хуанан ба самар расонид. "Алкояно" ба даври 1/8 финали Ҷоми Испания роҳ ёфт ва "Реал" бошад, шармандавор мусобиқаро тарк кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив