LIVE

«Реал» «Барса»-ро дар паси худ гузошт

Дар бозии даври 30-юми Чемпионати Испания «Реал Сосйедад» дар майдони худ аз бошгоҳи «Реал» шикаст хӯрд. Бозӣ дар майдони «Аноэта» дар Сан-Себастяне баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид. 
Ҳисобро дар дақиқаи 50-уми дидор муҳофизатгари «Реал» - Серхио Рамос тавассути иҷрои зарбаи ҷаримавии 11 метра боз кард. Дар дақиқаи 70-уми рақобат Карим Бензема голи дуюми мадридиҳоро ба самар расонид. Аз ҳайати «Реал Сосйедад» Микел Мерино дар дақиқаи 83-юми бозӣ ба як голи сардодаашон посух гардонид. 
«Реал» баъди 30 бозӣ 65 хол ба даст оварда, аз «Барселона» пеш гузашт ва ба зинаи аввал баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив