LIVE

"Реал" бидуни мушкилӣ "Эйбар"-ро шикаст дод

Дар даври 28-уми чемпионати Испания «Реал» бо ҳисоби 3:1 «Эйбар»-ро шикаст дод. Бозӣ дар варзишгоҳи ба номи «Алфредо ди Стефано»-и Мадрид сурат гирифт. 

Ҳисоб дар дақиқаи 4-уми дидор кушода шуд. Муаллифи голи аввал Тони Кроос гардид. Дар дақиқаи 30-юм бошад, Серхио Рамос бори дуюм тӯбро ба дарвозаи рақиб ворид сохт. Бо гузашти якчанд дақиқа Марсело низ исми худро дар феҳристи нафарони голзада сабт кард. Дар қисми дуюми бозӣ Бигас як гол ба дарвозаи«Реал» зад. Шумораи имтиёзҳои мадридиҳо ба 59 адад расид ва дар зинаи дуюми ҷадвали умумии Ла Лига қарор дорад. Дар даври навбатӣ «Реал» рӯзи 18-уми июн бо «Валенсия» дидор анҷом медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив