LIVE

"Реал" аз аввалин ғалабаи худ истиқбол кард

Дар даври 3-юми чемпионати Испания "Бетис" дар майдони худ "Реал Мадрид"-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Ҳисобро меҳмонон дар дақиқаи 14-уми вохӯрӣ кушоданд - Бензема тӯбро ба майдончаи ҷаримавӣ ирсол намуд, ки Валверде онро ба дарвоза ворид сохт. Дар дақиқаи 35-ум "Бетис" голи ҷавобиро зад. Пас аз зарбаи кунҷӣ Каналес тӯбро ба  тӯри дарвоза ворид сохт. Пас аз ду дақиқа Карвалйо голи дуюмро ба дарвозаи "Реал" зад. Пас аз танаффус "Реал Мадрид" зуд ҳисобро баробар кард - Баъд аз зарбаи Карвахал тӯб ба Эмерсон бархура вориди дарвоза шуд. Дар дақиқаи 82-юм "Реал" ҳуқуқи зарбаи пеналтиро ба даст овард, ки капитан Серхио Рамос голи ғалабаоварро зад. Мадридиҳо аввалин ғалабаи худро дар Ла Лига ба даст оварданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив